
Баргузории ҳамоишҳои маърифатӣ дар қисму воҳидҳои низомии пойтахт идома дорад
Дар заминаи иҷрои Қарори Раиси шаҳри Душанбе Дар бораи таҷлили ҷашни Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ин навбат масъулини МИҲД ноҳияи Фирдавсӣ чорабиниҳои марбут ба аёдати сарбозонро дар қисми ҳарбии 0121 қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амниятии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил намуданд.
Масъулини МИҲД ноҳияи Фирдавсӣ дар раванди чорабинӣ аз далериву шуҷоатмандии сарбозони Ватан ёдовар шуданд. Ҳифзи марзу буми кишвар, таъмини амният, пос доштани таърихи қадимаю фарҳанги бойи миллат аз ҳар як шаҳрванди ватанпарвару ватандӯст ва он нафароне вобастагӣ дорад, ки имрӯз ҳамчун сипари боэътмод дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмат ва кору фаъолият доранд, зикр шуд дар идомаи баромади иштирокчиёни ҳамоиш.
Дар раванди ин ҳамоиши маърифативу ҷашнӣ дидорбинии модарону бонувони фаъол сурат гирифт, ки ҷолибу хотирмон буд. Ҳамзамон зимни ҷамъомади идона аз ҷониби МИҲД ноҳияи Фирдавсӣ афсарону сарбозони ин қисми низомии ҳудуди ноҳия бо туҳфаҳо қадрдонӣ гардиданд.
Барномаи рангини фарҳангӣ идомабахши чорабиниҳои маърифатии ташкилнамудани МИҲД ноҳияи Фирдавсӣ дар қисми ҳарбии 0121 қушунҳои сарҳадии мамлакат буд. Ба ин муносибат барои сарбозон ҳамчунин хони идона ороста шуд.
Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ