
БАРГУЗОРИИ СЕМИНАР-МАШВАРАТ ВОБАСТА БА ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ЭЪЛОН НАМУДАНИ МОРАТОРИЯ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРӢ»

Зимни суханронӣ даъватшудагони семинар - машварат қайд намуданд, ки бо мақсади дастгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ, таҳкими иқтидори саноатӣ ва содиротии ҷумҳурӣ, аз байн бурдани санҷишҳои беасосу такрорӣ ва фароҳам овардани фазои мусоид барои соҳибкориву сармоягузорӣ бо ташаббус ва иқдоми бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ (ба истиснои санҷишҳои мақомоти андоз) то 1 январи соли 2027 мораторий эълон гардида, дар давраи татбиқи мораторий санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ боздошта мешавад.
Ҷиҳати фароҳам овардани фазои мусоид барои соҳибкориву сармоягузорӣ бо ташаббус ва иқдоми бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми солҳои 2008 – 2025 дар ҷумҳурӣ 5 маротиба ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ мораторий эълон гардида аст.
Мораторияҳои эълоншуда ба рушди фаъолияти соҳибкории хурду миёна ва бахши истеҳсолӣ таъсири мусбат расонида, барои фароҳам овардани фазои мусоид ҷиҳати ҷалби сармоя ва таъсиси ҷойҳои корӣ, воридоти андозҳо ба буҷети давлатӣ ва дар маҷмуъ барои беҳбудии некуаҳолӣ мусоидат менамоянд.
Дар идома масъулин вобаста ба равнақ бахшидани дастгирии давлатии соҳибкорӣ, вусъати шарикии давлат бо бахши хусусӣ, фаъолияти сармоягузорӣ, пардохти ҳама гуна хазматрасониҳо тавассути ғайринақдӣ ва ба ин васила вусъат бахшидани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ сухан гуфтанд.
Дар фарҷом бо иштирокчиёни семинар-машварат муколамаи озод сурат гирифта, ширкаткунандагон ба саволҳои худ посух гирифтанд.
Гулова Сарвиноз
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ