image

ОҒОЗИ ФЕСТИВАЛИ ДӮСТИИ АФСАРОНУ САРБОЗОН

date_range20.02.2025, 17:31 chat_bubble_outline0 remove_red_eye108
ш.Душанбе. 20.02.2025. Дар асоси Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ки бо қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 19 феврали соли 2025, №90 “Дар бораи баргузор намудани панҷумин Фестивали дӯстии афсарону сарбозон ва ҷавонони синни даъватӣ, таҳти унвони “Барои давлату миллатам содиқона хизмат мекунам!” бахшида таҷлили ҷашни 32-солагии Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон” тасдиқ гардидааст, давоми 6 рӯз аз санаи 20 то 25 феврали соли 2025 дар заминаи тамоми қисмҳои ҳарбию низомии ҳудуди шаҳри Душанбе Фестивали мазкур доир карда мешавад.
Мақсад аз ташкил ва баргузор намудани Фестивали мазкур ин самараноку мақсаднок истифода намудани инфрасохтори соҳаи варзиш, ҷалби афсарону сарбозон ва ҷавонони синни даъватию тодаъватӣ ба варзиш ва таҳкими тарзи ҳаёти солим, пешгирии бемориҳои сироятӣ, баланд бардоштани рӯҳияи афсарону сарбозон дар роҳи содиқона хизмат кардан ба Ватан, ҷалби ҷавонони синни даъватию то даъватӣ ба ватандӯстию хештаншиносӣ, шиносоӣ пайдо намудан аз шароити хизмати афсарону сарбозон, ҷалби ихтиёрии онҳо ба хизмати ҳарбӣ, хосатан пешгирии наврасону ҷавонон аз амалҳои номатлуби иҷтимоӣ ва ҳушёрию зиракии сиёсии онҳо мебошад.
Маросими оғози Фестивал бо ба намоиш гузоштани тамоми дастовардҳои ҳарбию низомии ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе адои фаъолият менамоянд дар қисми ҳарбии 0119 Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти милии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шуд.
Дар чорабинӣ роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қушӯнҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи марказии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони комиссияи даъватии ноҳияҳои шаҳр, сохторҳои соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш, маориф тандурустӣ, роҳбарияти воҳидҳои сохтории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ҷузъу томҳои қувваҳои мусаллаҳ, падару модарони сарбозон, хонандагони синфҳои болоии МТМУ шаҳри Душанбе дар умум беш аз 2000 нафар афсарону сарбозон ва ҷавонони синни даъватию тодаъватӣ ҳузур доштанд.
Қисмати расмии Фестивалро сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Бобохонзода Раҷабалӣ Хайрулло оғоз намуда, дар он муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмонзода Абдураҳмон ва дигарон суханронӣ намуданд.
Дар идома номаи сипоси афсарону сарбозони қисмҳои ҳарбию низомии ҳудуди шаҳри Душанбе ба Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти ҶумҳурииТоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қироат гардид.
Аз ҷониби муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмонзода Абдураҳмон Фестивали дӯстии афсарону сарбозон ва ҷавонони синни даъватӣ таҳти унвони «Барои давлату миллатам содиқона хизмат мекунам!» расман кушода эълон гардида, суруди миллӣ садо дод ва гузашти низомӣ доир карда шуда, намоиши машқҳои ҳарбӣ-варзишӣ пешниҳоди иштирокчиён гардонида шуд.
Фестивал аз чор қисмат иборат буда, қисмати аввали онро маросими ифтитоҳӣ, қисмати дуюму сеюми онро сексияҳои варзишӣ аз рӯйи намудҳои варзишии футболи хурд, волейбол, шоҳмот, гӯштини миллӣ ва варзиши сабук дар ду марҳила, марҳилаи интихобии 1-ум дар заминаи қисмҳои ҳарбию низомӣ ва марҳилаи интихобии 2-юм дар сатҳи шаҳр, инчунин маросими ҷамъбастӣ ва ҷоизасупории дастаҳои ғолиб бо ташкили Фестивали гулчини сурудҳои ватандӯстонаи “Суруди сарбоз” баргузор карда хоҳад шуд.
Инчунин, дар доираи фестивал дар толори Кохи афсарон бо иштироки роҳбарият, афсарону сарбозон ва ҷавонони синни даъватӣ ва тодаъватӣ Конференсияи илмӣ – амалӣ ва назариявӣ дар мавзӯи “Дастовардҳои ҳарбию низомии даврони Истиқлолият: ҳолат ва дурнамо” мулоқоту вохӯриҳо бо афсарону сарбозон ва курсантон дар донишкадаҳои сарҳадӣ ва олии ҳарбӣ, Академияи Вазорати корҳои дохилӣ ва дигар ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ таҳти унвони “Пос доштани обу хоки Ватан - рисолати ҷавонмардист!”, (дар сатҳи Раёсат ва комендатура), мизи мудаввар дар мавзӯи “Хизмат ба Ватан - шарафи ҷавонмардист!”, аксияҳои иттилоотию тарғиботӣ дар мавзӯи “Ба муҳофизати ватани маҳбубамон омода бош!” баргузор карда шуда, наздик ба 5000 адад варақаҳои иттилоотӣ ва 500 адад китобҳои ватандӯстона аз ҷониби волонтёрон дастраси сокинони пойтахт, хоса наврасону ҷавонон гардонида шуд.
Санаи 25 феврали соли 2025 дар толори “Кохи Суруш”-и шаҳри Душанбе маросими ҷамъбасти Фестивал ва қадршиносии ғолибон дар назар дошта шудааст.
Дар чорабинӣ, ғолибон ва ҷоизадорон мусобиқаҳои варзишӣ, ки аз намудҳои “шоҳмот”, гӯштини миллӣ”, “варзиши сабук”, “футбол”, “волейбол” ва “шашка” миёни афсарону сарбозон ташкил ва баргузор карда шуда, дар вазъияти тантанавӣ бо Диплом, медал, ҷом ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида хоҳанд шуд.
Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"