
ВОХӮРӢ БО НАМОЯНДАГОНИ СОҲАИ САЙЁҲИИ ҲУДУДИ ПОЙТАХТ

Дар мулоқот роҳбари гурӯҳ - муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар Раҳим, Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъахонзода Ҷамшед Ҷурахон ва ҳайати гурӯҳ иштирок намуданд.
Таъкид гардид, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳуҷҷати стратегӣ буда, иҷрои он омили пешравии босуръати иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат ба ҳисоб меравад. Он сарчашмаи боэътимод, махзани иттилоот ва маълумоти омории амиқу дақиқ, таҳлилу хулосарониҳои мантиқию бебаҳс ва дастуру супоришҳои ҳидояткунанда ба сӯи ояндаи дурахшон мебошад.
Зимни шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосӣ ва муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ иброз гардид, ки Ҳукумати мамлакат рушди соҳаи сайёҳиро самти афзалиятноки сиёсати иқтисодии худ мешуморад. Солҳои охир таваҷҷуҳи махсуси Ҳукумати кишвар ба соҳаи сайёҳӣ имкон дод, ки дар баробари афзун гардидани шумораи сайёҳон ширкатҳои сайёҳии ватанӣ низ зиёд гарданд.
Аз иштирокдорон даъват гардид, ки дар рушди сайёҳӣ, ҷалби бештари сайёҳон ба мамлакат ва муаррифии иқтидори соҳа саҳм гузоранд.
Ёдовар мешавем, ки бо мақсади омӯзиши самараноки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ва шарҳу тавзеҳи он дар ҷомеа қарори дахдори Раиси шаҳри Душанбе аз 24 январи соли 2025 ба тасвиб расида, дар асоси он нақшаи чорабиниҳои мулоқоту вохӯриҳо ва ҳайати гурӯҳҳои таблиғотӣ тасдиқ гардид.
Шуруъ аз 30 январ аз ҷониби гурӯҳҳои таблиғотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе байни сокинону фаъолони шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт ва кормандони касбу кори гуногун силсилавохӯриву мулоқотҳо доир карда мешаванд.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ