image

Ҳамоиш дар қисми низомии 02615-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

date_range21.02.2025, 11:44 chat_bubble_outline0 remove_red_eye248

Дар чорабинии навбатӣ намояндагон аз Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, МИҲД ноҳияи Шоҳмансур ва сохторҳои он иштирок намуданд. Ин ҳамоиш дар қисми низомии 02615-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи зарурӣ доир гардид. Зимни тадбири идона аз ҷониби сарбозон машқҳои гуногуни варзишӣ ва низомӣ пешниҳод гардид, ки хеле ҷолибу хотирмон буд. Зеро сарбозон бо истифодаи шароити муҳайёгардида ба машқу тамрин ва омӯзиш фаро гирифта шудаанд.

Зимни баромади роҳбарияти МИҲД ноҳияи Шоҳмансур гуфта шуд, ки яке аз ҳадафҳои асосӣ барои пойдории сулҳу субботи сартосарӣ, таъмини рушди рузафзуни иқтисоди миллӣ, пос доштани арзишҳои миллӣ, дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ ва боз ҳам фаъолтар сохтани нақши қувваҳои мусаллаҳ дар таъмини амнияти ҷомеа мебошад.

Ҳамзамон зимни баромади намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кайд гардид, ки бо мақсади ҷалби ҷавонон ба корҳои тарбиявию созандагӣ, ташкили мусобиқаҳои варзишӣ ва солимгардонӣ дар ҳудуди қисмҳои низомӣ шароити зарурӣ фароҳам шуда, ин қишри ҷомеа пайваста дастгирӣ меёбанд.

Сипас аз тарафи сарбозону афсарон ҳаракатҳои мавзуну низомӣ намоиш дода шуд.

Ҳамзамон аз тарафи МИҲД ноҳияи Шоҳмансур барои сарбозону афсарон хони идона ороста шуд. Дар охири чорабинӣ барномаи фарҳангӣ манзур шуд, ки писанди афсарону сарбозон гардид.

Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"