
БАРГУЗОРИИ ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВӢ-ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар чорабинии мазкур муовини якум ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раисон ва муовинони раисони ноҳияҳои пойтахт, ҳайати роҳбарикунанда ва афсарону сарбозони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони вазорату идора, кумита, донишгоҳу донишкадаҳо, роҳбарони сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ҳифзи ҳуқуқ ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.
Дар ифтитоҳи чорабинӣ муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Шарифӣ Бахтиёр табрикоти Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро ба муносибати Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аҳли толор расониданд.
Қайд гардид, ки Қувваҳои Мусаллаҳ бо саъю талош ва ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфта, имрӯз ба сипари боэътимоди давлат мубаддал гаштааст.
Дар идома аз ҷониби муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Шарифӣ Бахтиёр ва муовини Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал майор Раҳимзода Музаффар ба як қатор намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба 32-юмин солгарди Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сипосномаву медалҳои ҷашнӣ тақдим карда шуд.
Ҳамчунин бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 14 феврали соли 2025 таҳти №77 дар пойтахти азизамон шаҳри Душанбе Озмуни “Беҳтарин нозири минтақавии сол” баргузор гардид ва имрӯз дар фазои мутантан аз ҷониби муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Шарифӣ Бахтиёр барои саҳми муносиб дар инкишофи ғояҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ, ошкор ва пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкуниҳо, тақвияти корҳо дар самти робита бо ҷомеа, муборизаи муташаккилона бо ҷинояткорӣ ва иштироки фаъолона дар Озмуни мазкур як гурӯҳ нозирони минтақавӣ бо диплом, ҷоиза ва сипосномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуданд.
Дар охир чорабинии рангини фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони мумтози кишвар пешкаши аҳли толор гардонида шуд.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ