image

Шарҳу тавзеҳи Паёми сарвари давлат бо сокинони маҳаллаҳои 32 ва 33 доир карда шуд

date_range25.02.2025, 10:05 chat_bubble_outline0 remove_red_eye540

Зимни мулоқоти гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо сокинони маҳаллаҳои 32 ва 33 и пойтахт, бандҳои Паёми Президенти кишвар ба маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 28 декабри соли 2024 ироа гардид, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар мулоқот намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияи Сино, масъулини сохторҳои маорифу ҷавонон, варзиш ва сокинони маҳалла иштирок доштанд.

Дар ҷараёни мулоқот доир ба масоили вобаста ба шарҳу тавзеҳи бандҳои паёми имсолаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ, тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ватандориву ватанпарастӣ, арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ ва таҳкими дастовардҳои муҳимтарини кишвар, аз ҷумла истиқлолияти давлатӣ, баланд бардоштани фарҳанги шаҳрнишинӣ, саҳми занон дар рушди иҷтимоию иқтисодии ҷомеа, инчунин саҳмгузорӣ дар раванди корҳои ободониву созандагии шаҳру маҳал ибрози андеша карда шуд.

Ҳамчунин доир ба пешрафту шукуфон гардидани кишвари маҳбубамон ва пойтахти он шаҳри Душанбе сухан рафт. Дар ин росто гуфта шуд, ки бунёди боғу гулгаштҳо, майдончаҳои варзишӣ, таъмиру азнавсозии роҳҳо дар пойтахт ин муҳайё намудани сокинону меҳмонон ба зиндагии шоиста мебошад, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрдории Душанбе анҷом дода шудаанд.

Мехринисо Раупова
"ТВ Душанбе"