
Омодагии Комиссияи шаҳрии интихобот ба Интихоботи даъвати нави вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе
Бо мақсади ба роҳ мондани фаъолияти мунтазам, тибқи Қарорҳои Комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз 13 декабри соли 2024, №2 ва №3 Нақшаи кории Комиссия ва ҷадвали навбатдорӣ дар Комиссияи шаҳрии интихобот ташкил карда шуда, фаъолият тибқи муқаррароти қонунгузорӣ ва нақшаи тасдиқгардида ба роҳ монда шуда, бо таваҷҷуҳ ба теъдоди аҳолӣ ва ҳудуди шаҳри Душанбе дар асоси қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз 10 декабри соли 2024 “Дар бораи муқаррар намудани миқдори ҳавзаҳои интихоботӣ барои интихоботи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе” ва қарорҳои дахлдори Комиссия дар ноҳияҳои Шоҳмансур, Исмоили Сомонӣ, Сино ва Фирдавсии шаҳри Душанбе 70 ҳавза ва 250 участкаи интихоботӣ оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе таъсис дода шудааст.
Дар ин рӯз аъзои Комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз Участкаи интихоботии №40 оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва Комиссия ҳавзавии интихоботии №19 оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, ки дар бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19 қарор дорад, боздид карданд.
Бояд гуфт, ки дар заминаи ҳавзаву участкаҳои таъсисдодашуда дар ҳудуди шаҳри Душанбе 70 комиссияи ҳавзавӣ ва 250 комиссияи участкавии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе дар ҳайати раис, муовини раис, котиб ва аъзоён ташкил карда шуд. Ҳамзамон дар масъулин аз ҳавзаи интихоботии шаҳрии №44 ва участкаи интихоботии №10, ки дар заминаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 92 қарор дорад, боздид намуданд.
Бо мақсади дар сатҳи баланд доир намудани интихоботи даъвати нави вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллии ҳокимияти халқ хабарномаҳо тақсим карда шуда, руйхати дақиқи интихобкунандагон тартиб дода шудааст ва омодагиҳо дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст.
Айни ҳол фаъолияти Комиссияи шаҳрии интихобот ва ҳавзаву участкаҳои интихоботӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе дар асоси нақшаи корӣ ва талаботи меъёрӣ ба роҳ монда шуда, дар 70 ҳавзаи интихоботии ҳудуди шаҳри Душанбе аз ҷониби ҳизбҳои сиёсии кишвар ва шахсони худпешбар дар маҷмуъ 214 нафар номзад барои вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ба қайд гирифта шудаанд. Ба ҳамаи номзадҳо ва шахсони боэътимоди онҳо баъди бақайдгирӣ шаҳодатнома дастрас карда шудааст.
Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ