image

Вохӯрии кормандон ва донишҷӯёни Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе бо масъули Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия

date_range27.02.2025, 11:14 chat_bubble_outline0 remove_red_eye193

Дар Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе вохӯрии кормандон ва донишҷӯёни ин муассисаи таълимӣ бо кормандони масъули Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи нақшаи чорабиниҳо дар самти муқовимат ба коррупсия доир шуд.

Зимни ҷаласа роҳбарияти ин муассисаи таълими қайд намуд, ки раванди ташаккули мафҳуми ҳозираи коррупсия чанд ҳазорсоларо дар бар гирифта, имрӯз ҳам ҳамчун хатари ҷиддӣ ба яке аз масъалаҳои ташвишовар ва муаммои душвори замони муосир табдил гардидааст.

Яке аз мафҳумҳои бештар маъмули коррупсияро Конгресси нуҳуми Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод кардааст, ки он чунин аст: «коррупсия – сӯистеъмол аз ваколатҳои хизматӣ бо мақсади ба даст овардани фоидаи шахсӣ мебошад».

Ҳамзамон дар идома корманди масъули Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ ба сухан баромада қайд намуд, ки Муқовимат ба коррупсия ба яке аз самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлатҳо дар ҷаҳони муосир табдил ёфтааст. Кишваре нест, ки бо ин мушкилот рӯ ба рӯ нашуда бошад ва алайҳи он муборизаи сартосарӣ набарад.

Коррупсия яке аз зуҳуроти хавфноки ҷомеа буда, дар миқёси ҷаҳонӣ ҳамчун ҷинояти вазнин ва яке аз унсурҳои таҳдидкунанда ба амнияти миллӣ ва халалдоркунандаи рушди босуботи иҷтимоию иқтисодии давлат эътироф гаштааст, ки он ба пешрафти иқтисодиёт халал расонида, бунёди ҷомеаи демократиро заиф месозад ва ба рушди демократия таъсири манфӣ мегузорад.

Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"