
Бо ибтикори Институти илмӣ-тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабз мизи мудаввар доир гардид
Бо ибтикори Муассисаи давлатии «Институти илмӣ-тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабз»-и назди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбутаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе зери унвони «Татбиқи технологияи сабз дар савдои чакана» ҳамоиш доир гардид.
Дар идомаи суханронии худ директори Институти мазкур зикр намуд, ки амалӣ намудани Стратегияи мазкур ба таъмини рушди устувор дар соҳаҳои иқтисодиёт, суботи иҷтимоӣ, мувозинати экологӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми Тоҷикистон мусоидат менамояд.
Ҳамзамон мақсад аз баргузории ҳамоиши мазкурро ҳозирин саҳмгузорӣ дар амалисозии стратегияи рушди иқтисоди сабз барои солҳои 2023-2037 маънидод намуданд, ки дар доираи он давра ба давра тамоми соҳаҳои иқтисодӣ миллӣ бояд, ки принсипҳои рушди устувор ва иқтисоди сабзро ҷорӣ намоянд. Инчунин дар чорабинӣ намояндагони мақомоти идоракунии давлатӣ, сохторҳои тиҷоратӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва донишгоҳову муассисаҳои илмӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар идома аз ҷониби иштирокдорон бештар масъалаҳои баланд бардоштани сифати хизматрасониҳо дар шабакаҳои савдои чакана дар шароити гузаштан ба иқтисоди сабз, масъалаҳои масъулияти иҷтимоии субектҳои соҳибкорӣ ва читавр амалӣ намудани он принсипҳое, ки дар стратегияи рушди иқтисоди сабз дар ҷумҳури муайян шудааст яъне яке аз соҳаҳои иҷтимоие, ки ба аҳолӣ наздик аст савдои чакана мебошад. баррасӣ гардид.
Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ