
Дар Осорхонаи миллӣ конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Пиряхҳо неъмати бебаҳои Тоҷикистон” баргузор гардид
Дар муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба соли 2025 – “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва 21-уми март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Пиряхҳо неъмати бебаҳои Тоҷикистон” баргузор гардид.
Дар конференсияи “Пиряхҳо неъмати бебаҳои Тоҷикистон” роҳбарият ва кормандони муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”, доираи васеи олимону муҳаққиқон ва инчунин масъулини сохторҳои ҳифзи пиряхҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Зимни баромади иштирокчиён гуфта шуд, ки муҳимтарин масъалаҳои ҷаҳонӣ вобаста ба экосистемаи табиат ин масъалаи об ва ҳифзи пиряхҳо мебошад. Пиряхҳо неъмати бебаҳо ва яке аз манбаъҳои асосии захираҳои об ба ҳисоб рафта, нақши онҳо дар таъмини кишварҳои дунё бо об ва сероб гардидани дарёҳо муҳим аст. Пиряхҳои кишвар на фақат сарчашмаи саршори об, балки манбаи ҷалби сайёҳон ҳастанд. Ҳамасола теъдоди зиёди кӯҳнавардон ба кишвари маҳбуби мо меоянд ва фатҳи пиряхҳои калонтарину баландтаринро барояшон ифтихор медонанд.
Ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди эълони «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» таваҷҷуҳро ба ҳифзу омӯзиши пиряхҳо, ки ҷузъе аз сарвати бебаҳои миллӣ ҳастанд, дар кишвар ва минтақа афзоиш хоҳанд дод. Дар кори конференсия доираи васеи олимону муҳаққиқон ва инчунин масъулини ҳифзи пиряхҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, оид ба пиряхҳои кишвар маърӯзаҳои илмӣ пешниҳод намуданд.
Дар охири конференсия байни олимону муҳаққиқон оид ба мавзӯъҳои мазкур мубодилаи афкор сурат гирифт ва иштирокчиёни аз толори “Ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об ва ҳифзи пиряхҳо” дидан намуданд.
Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ