
Баргузории чорабинӣ бахшида 25-солагии таъсисёбии Созмони хонандагон
Дар Китобхонаи милли Тоҷикистон бахшида 25-солагии таъсисёбии Созмони хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Исмоили Сомонӣ бо иштироки роҳбарони Созмони хонандагон, директорони муассисаҳои таҳсилоти иловагии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, раёсатҳои дастгоҳи марказии вазорати маориф ва илм ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ чорабинӣ доир гардид.
Дар доираи нақшаи чорабиниҳои Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдони Дӯстӣ бахшида ба 25 солагии таъсисёбии Сазмони хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Исмоили Сомонӣ бо иштироки сардорони раёсатҳои дастгоҳи марказии вазорати маориф ва илм, Сарраёсати маориф, инчунин хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ гулгузорӣ дар пояи муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ сурат гирифт.
Сипас дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо иҷрои хониши хор ва савганди созмони хонандагон қабули 200 нафар хонандагон ба сафи Созмон доир гардид.
Пас аз қабул дар толори Китобхонаи миллии Тоҷикистон намоиши дастовардҳои таълимгирандагони муассисаҳои таҳсилоти иловагии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз рӯи бахшҳои самти технология ва инноватсия, экология ва варзиш, ҳунарҳои мардумӣ ва бадеӣ-эстетикӣ, инчунин гӯшаи Созмони хонандагон аз рӯи самтҳо ба намоиш гузошта шуданд. Дар намоиши мазкур дар қатори таълимгирандагони Муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ Ташкилотҳои ҷамъиятии «Ҳамсол ба ҳамсол» аз шаҳри Душанбе, «Томирис»-и шаҳри Бохтар ва «АЗИТ»-и вилояти Суғд, ки бевосита бо фаъолияти озмоишгоҳҳои инноватсионӣ сару кор доранд маҳсули дастовардҳои худро ба намоиш гузоштанд.
Пас аз боздиди намоишгоҳ вохӯрии гуруҳи корӣ бо фаъолони Созмони хонандагон доир гардид. Қайд карда шуд, ки Созмони хонандагон дастаи бузурги пешбарандаю пурқувват буда, хислатҳои ҳамидаи инсонӣ, ватандӯстию меҳанпарастӣ ва хештаншиносиро дар ниҳоди ҳар як аъзоёнаш таҳким мебахшад. Ҳамаи саъю кӯшиши Созмони хонандагон бо назардошти хусусиятҳои равонии хонандагон барои зина ба зина расидан ба ҳадафҳо равона карда шудааст. Вазифаи асосии Созмон ғамхорӣ баҳри инкишофи маънавии кӯдак, рушди ҳамаҷонибаи ӯ, ошно сохтан ба арзишҳои умумиинсонӣ ва корҳои муҳими иҷтимоӣ мебошад.
Сипас аъзоёни фаъоли Созмони хонандагон аз вилоятҳои Суғду Хатлон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат ва ноҳияи Рашт вобаста ба самтҳои фаъолияташон дар ҳузури ҳамсолони худ баромад намуданд.
Мавриди қайд аст, ки айни ҳол дар ҷумҳурӣ 1 млн 501 ҳазору 923 хонанда ба сафи Созмони хонандагон фаро гирифта шудаанд. Аз ин теъдод дар зинаи «Ахтарон» 592 ҳазору 979 нафар, «Ворисони Сомониён» 651 ҳазору 477 нафар ва «Сомониён» 257 ҳазору 467 нафар хонанда аъзо мебошанд.
Меҳринисо Раупова
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ