
ЧОРАБИНИИ СИЁСӢ - ФАРҲАНГӢ ТАҲТИ УНВОНИ "МОДАР САРЧАШМАИ ЗИНДАГӢ
Дар толори Коллеҷи ҷумҳуриявии хареографии ба номи Малика Собирова ҷиҳати гиромидошт ва сазовор таҷлил намудани “Рӯзи Модар” чорабинии сиёсӣ - фарҳангӣ таҳти унвони “Модар сарчашмаи зиндагӣ” баргузор гардид.
Дар чорабинии идонаи сиёсӣ-фарҳангӣ, роҳбарияти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагон аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур ва доираи васеи занону бонувони фаъол аз кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизби ноҳияи Шоҳмансур, собиқадорони ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур аз ҳисоби занон, фаъолзанон аз сохтору муассисаҳои ҳудуди ноҳияи Шоҳмансур иштирок намуданд.
Зимни баромади масъулин қайд гардид, ки имрӯз дар кишвар бо ташаббус ва дастгириҳои ҳамаҷонибаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми имкониятҳо баҳри фаъолияти ҳамаҷонибаи занону бонувон фароҳам оварда шудааст. Бузургтарин рисолати модари тоҷик аз азал тарбияи фарзандони нобиғаву хирадманд, ватандӯсту ватанпараст, бонангу номус, далеру шуҷоъ, озодихоҳу адолатпарвар ва ҳунарманду созанда мебошад ва имрӯз кӯшишу талоши модари тоҷик дар роҳи ташкили оилаи солим, тарбия намудан ва ба камол расонидани фарзандони солиму солеҳ, соҳибмаърифату соҳибкасб гардонидани фарзандон ва дар ин замина фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати рушди маънавиёти ҷомеа қобили ситоишу қадрдонист, қайд гардид дар идомаи чорабинӣ.
Дар раванди чорабинии ҷашнии Кумитаи иҷрояии ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур ҳамчунин ба як қатор занону бонувони фаъол аз кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳияи Шоҳмансур ва собиқадорони ҳизб бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Кумитаи иҷрояии ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур қадрдонӣ карда шуданд.
Ҷойи таъкид аст, ки нақш ва мақоми занони тоҷик дар ташаккули фарҳанги миллӣ ва сиёсати давлатӣ назаррас буда, онҳо дорои сифатҳои шоиста, аз қабилим соҳибмаърифатӣ, ҷасуру далеӣ ва адолатпарварӣ мебошанд.
Дар идомаи чорабинӣ, бо иштироки гуруҳҳои ҳунарӣ аз ҳисоби ҳунармандон ва донишҷӯёни Коллеҷи Санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқуллов ва Коллеҷи ҷумҳуриявии хареографии ба номи Малика Собирова барномаи зебои фарҳангӣ пешкаши ҳозирин гардонида шуд.
Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ