image

Бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ оғоз шуд

date_range04.03.2025, 10:10 chat_bubble_outline0 remove_red_eye101

3 март давраи якум (асосӣ)-и бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шуд. Рӯзи аввали бақайдгирии довталабон дар МТМУ №100-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Роҳбарияти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуданд, ки довталабон дар интихоби ихтисосҳо озод буда, чун солҳои гузашта то 12 комбинатсияи ихтисоси ба худ писандро танҳо аз як гуруҳи ихтисосҳо интихоб карда метавонанд. Довталаб дар вақти бакайдгирӣ яке аз забонхо (русй ва точикй) ва маконҳои имтиҳонсупорӣ, инчунин макони фиристодани даъватномаро ихтиёран муайян мекунад. Довталабоне, ки ихтисосҳоро аз гурӯҳҳои ихтисосҳои 2-юм (иқтисод ва география), 3-юм (филология, педагогика ва санъат) ва 4-ум (ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ) интихоб мекунанд, барои имтиҳон аз забони хориҷӣ яке аз забонхои хоричӣ англисӣ, немисӣ, франсавӣ ё арабиро интихоб карда метавонанд.

Соли ҷорӣ давраи якум (асосӣ)-и бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар 60 шаҳру ноҳияи кишвар ба роҳ монда мешавад, ки дар 43-тои онҳо 47 нуқтаи доимии бақайдгирӣ ва дар 17-тои дигари онхо нуқтаҳои сайёри бақайдгирӣ таъсис дода хоҳад шуд. Рӯйхати муассисахои таълимӣ ва сохторхои мақомоти маҳаллии идоракунии маориф, ки дар заминаи онҳо барои довталабон нуқтахои бақайдгирӣ ташкил карда шудааст, фаъолият мекунанд, бо нишонии нуқтаҳо дар сомонаи Марказ ҷой дода шудааст.

Давраи якуми бақайдгирии довталабон то 30-юми апрели соли ҷорӣ идома меёбад. Тибқи нақшаи Марказ имсол даври якум имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар марказҳои имтиҳонии 20 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ баргузор карда мешавад. Довталаб, новобаста аз ҷойи истиқомат ва макони бақайдгириаш, яке аз шаҳру ноҳияҳоро барои имтихонсупориаш интихоб карда метавонад, гуфта шуд дар раванди чорабинии имрӯза.

Меҳринисо Раупова
"ТВ Душанбе"