
Бахшида ба «Рӯзи Модар» чорабинии фарҳангӣ-фароғатии МИҲД ноҳияи Шоҳмансур баргузор гардид
Дар заминаи таваҷҷуҳи роҳбарияти олии мамлакат ва шаҳрдории Душанбе ба мақому мартабаи занон дар ҷомеа, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимитяи давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе низ ба кору фаъолияти занон дар сохторҳои ноҳиявӣ таваҷҷуҳи махсус равона намуда, дастгирии онҳоро аз афзалиятҳои кори худ қарор додаанд.
Дар идомаи ин тадбирҳо ба муносибати «Рӯзи модар» таҳти унвони «Модар чароғи хонадон, машъалафрӯзи оила ва тароватбахши зиндагӣ» чорабинии тантанавӣ доир гардид, ки дар он занони фаъоли ноҳия иштирок намуданд. Роҳбарияти ноҳияи Шоҳмансур пойтахт дар ҷамъомади идона баромад намуда, нақши занонро дар пешбурди бахшҳои ҷомеа, фаъолияти занони роҳбар ва саҳми онҳо дар таълиму тарбияи насли наврас назаррас арзёбӣ намуд.
Дар ҷараёни баромади худ масъулин нақши занонро дар татбиқи сиёсати давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳиму чашмрас маънидод намуданд. Тавре таъкид шуд имрӯз дар тамоми соҳаҳо дар вазифаҳои гуногун занон дар баробари мардон фаъолият намуда, дар рушду пешрафти ҷомеа саҳми назаррас гузошта истодаанд. Бо эътимоду боварӣ ба фаъолияти занон дар ноҳия ва кадрдонии хизматҳои шоёни эшон аз ҷониби роҳбарияти ноҳияи Шоҳмансур ба фаъолзанони ноҳия туҳфаҳои хотиравӣ низ тақдим карда шуд.
Ҳоло дар ҳудуди ноҳиияи Шоҳмансур қисми зиёди муассисаҳои мактабӣ ва ҳамаи муассисаҳои томактабиро занон роҳбарӣ менамоянд. Дар ин баробар, муассисаҳои тандурустӣ, шӯрои шаҳраку маҳаллаҳо ва сохторҳои худфаъолияти ҷамъиятии ноҳияро занон идора менамоянд, ки ин шаҳодати таваҷҷуҳи пайвастаи роҳбарияти шаҳр ва ноҳия ба фаъолияти занон мебошад.
Намоиши фарҳангӣ бо иштироки санъаткорони фаъол, ки бо ибтикори шуъбаи фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур ташкил гардида буд, идомабахши ин чорабинии идона гардид. Баргузории барномаи рангини фарҳангӣ барои бонувони ноҳия маҳз таваҷҷуҳу эътимод нисбат ба кору фаъолияти онҳо мебошад, ки бо шаҳомати хоса пешниҳод шуд.
Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ