
Ҳамоиши илмӣ - назариявӣ таҳти унвони «Модар – тарбиятгар, ҳимоятгар ва сарчашмаи меҳр»
Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Модар дар толори Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Ҳамоиши илмӣ - назариявӣ таҳти унвони «Модар – тарбиятгар, ҳимоятгар ва сарчашмаи меҳр» бо иштироки бонувоне, ки дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ, сохторҳои гуногуни қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ хизмат мекунанд, баргузор гардид.
Дар ҳамоиш муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар Раҳим, муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе иштирок ва суханронӣ намуданд. Зимни чорабинӣ муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зикр доштанд, ки «Занону модарони мо ҳанӯз дар оғози даврони истиқлолияти давлатӣ ба хотири ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои худ ва ба эътидол овардани вазъи кишвар азму талош карда, дар роҳи расидан ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ саҳми арзишманд гузоштанд.
Муовини Раиси шаҳри Душанбе дар раванди баромади худ афзуд, ки занон аз оғози соҳибистиқлолии мамлакат дар меҳвари сиёсати ҳукумат қарор доранд ва давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон дар ҳаёти ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Тавре дар Паёми имсолаи Роҳбари давлат зиер шудааст: «Ҳоло дар кишвар 25 фоизи хизматчиёни давлатӣ, 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 71 фоизи кормандони соҳаи тиб, 47 фоизи кормандони соҳаи фарҳанг, 37 фоизи олимон ва 30 фоизи соҳибкоронро бонувону занон ташкил медиҳанд».
Дар идома қайд карда шуд, ки занон дар тарбияи сармояи инсони саҳми намоён доранд. Нақши зан дар ҷомеа аз оила маншаъ мегирад. Чунки зан фарзандонро дар рӯҳияи инсондӯстию некбинӣ, ватандӯстию меҳанпарастӣ, ростиву росткорӣ, зебоипарастиву ҳақиқатнигорӣ тарбия намуда, ҳамчун як инсони комил ба воя мерасонад. Саҳми занону бонувони соҳибҳунар дар эҳё намудану тараққӣ додани ҳунарҳои мардумӣ ва бо ҳамин роҳ муҳайё кардани ҷойҳои корӣ барои дигар бонувони хонашин басо арзишманду назаррас аст.
Меҳриниссо Рауфова
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ