image

БАРГУЗОРИИ НИММАРАФОНИ XV БАЙНАЛМИЛАЛӢ БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ПОЙТАХТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН - ШАҲРИ ДУШАНБЕ

date_range19.04.2025, 19:18 chat_bubble_outline0 remove_red_eye15

ш.Душанбе. 19.04.2025. Имрӯз бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон - шаҳри Душанбе ниммарафони XV байналмилалӣ баргузор гардид, ки дар он варзишгарон аз 10 кишвари минтақа ва ҷаҳон иштирок намуданд.

   Дар маросими кушодашавии ниммарафони байналмилалӣ муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Шарифӣ Бахтиёр ва Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода иштирок ва суханронӣ намуда, иштирокдорони ин чорабинии варзиширо қайрамақдам гуфтанд.

  Дар Ниммарафони байналмилалии Душанбе варзишгарон аз кишварҳои мухталиф, шаҳрҳои бо Душанбе бародаршаҳр ва шаҳрҳои паймони ҳамкориҳои иқтисодиву иҷтимоидошта, ҳунару малакаи хешро нишон доданд.

   Ниммарафони байналмилалӣ масофаи 21 километру 97, 5 метрро ташкил дода, аз майдони назди Муассисаи давлатии “Наврӯзгоҳ”-и пойтахт оғоз шуда, нуқтаи ниҳоии он майдони “Дӯстӣ”-и назди муҷассамаи шоҳ Исмоли Сомонӣ буд.

   Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе шаҳри Душанбе барои баргузории Ниммарафон аз ҳисоби маблағҳои фонди рушди пойтахт 593 040 сомонӣ ҷудо кардааст. Варзишгароне, ки ҷойҳои аз якум то шашумро байни мардон ва занон ишғол карданд, бо ҷоизапулии ҷойи якум – 38500 сомонӣ, ҷойи дуюм – 33000 сомонӣ, ҷойи сеюм – 27500 сомонӣ, ҷойи чорум – 16000 сомонӣ, ҷойи панҷум – 14800 сомонӣ, ҷойи шашум – 11500 сомонӣ сарфароз гардонида шуданд.

   Инчунин, ба варзишгарони ҳаваскор, ки ба масофаи 5 км давиданд, барои ҷойи якум 7 700 сомонӣ, ҷойи дуюм – 5500 ва ҷойи сеюм 3 300 сомонӣ тақдим гардид.

   Дар мусобиқаи имсола, Шоҳрух Давлатов аз Ӯзбекистон аввалин шуда, миёни мардон ба марра расид. Ин масофаро Шоҳрух дар 1:04,11 сония давида, ғолиб шуд. Соли гузашта, ҳамин масофаро бо нишондоди 1:04,37 сония Виталий Шафа аз Украина давида, якум шуда буд. Имсол бошад, Шафа ҳамин масофаро дар 1:06,12 сония тай карда, шашум шуд.

   Барои Шоҳрух Давлавтов сеюмин қаҳрамонӣ дар мусобиқаи мазкур аст. Қаблан, давандаи ӯзбек солҳои 2021 ва 2023 барандаи нишони тиллои Ниммарафони байналмилалии Душанбе гардида буд.

    Фенти Гирма аз Ҳабашистон бо нишондоди 1:04, 14 сония ва Ҳасан Мирсоатов аз Ӯзбекистон бо нишондоди 1:04,42 сония ба марра расида, соҳиби медалҳои нуқра ва биринҷӣ гардиданд.

   Зуҳуршои Наҷмиддин аз миёни варзишгарони тоҷик аввалин шуда, ва дар умум 11-умин шуда ба марра расид. Соли 2023 Зуҳуршоҳ панҷумин шуда ба марра расида буд ва давоми ду соли охир варзишгари мо дар қатори шашгонаи беҳтаринҳо ҷой гирифта наметавонад. Давандаи дигари мо Меҳроб Одинаев 12-умин шуда, ба марра расид. Меҳроб ду сол пеш шашумин шуда, ба нуқтаи ниҳоӣ расида буд ва 2 сол мешавад, ки дар қатори шашгонаи беҳтаринҳо мавқеъ гирифта наметавонад.

    Миёни бонувон Екатерина Тингускова аз Ӯзбекистон бо нишондоди 1:18,31 сония якум шуд. Елена Сергеева аз Русия бо нишондоди 1:18,34 сония дуюм ва Александра Вдовиня бо нишондоди 1:19,06 сония аз Русия сеюм шуданд. Дар мусобиқаи соли гузашта, Азизахон Мирзоакбарова аз Ӯзбекистон бо нишондоди 1:18,44 сония якум шуда буд, ки натиҷаи мусобиқаи имсола аз гузашта дида беҳтар аст.

    Дар мусобиқаи соли гузашта, Раҷабмоҳ Абдуллоева бо нишондоди 1:25,03 сония чаҳорум ва Маҳина Боронова бо нишондоди 1:30, 12 сония шашум шуда, аз кишвари мо миёни бонувон ба марра расида буданд. Дар мусобиқаи имсола, Раҷабмоҳ 12-ум ва Маҳина 16-ум шуд. Раҷабмоҳ аз миёни давандаҳои бонувони тоҷик аввалин шуда, ба финиш расид.

   Ёдовар мешавем, ки Ниммарафони Душанбе аз соли 2010 дар Рӯзи пойтахт, ки шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил карда мешавад, баргузор мегардад ва соли 2013 ба тақвими мусобиқоти Ассотсиатсияи байналмилалии марафонҳо ва давҳо дар масофаи дур ворид гардидааст.

   Аввалин бор Ниммарафони байналмилалии Душанбе дар масофаи 21 километру 97,5 метр бо иштироки варзишгарон аз 14 бародаршаҳри Душанбе ва беҳтарин давандҳои Тоҷикистон баргузор гардида буд.


Ғолибони Ниммарафони байналмилалӣ дар Душанбе (солҳои 2010-2025)


🔹Миёни мардон:

2010 – Тоҳир Мамашев (Қазоқистон)

2011 – Михаил Биков (Россия)

2012 – Андрей Петров (Ӯзбекистон)

2013 – Андрей Петров (Ӯзбекистон)

2014 – Роман Романенко (Украина)

2015 – Юрий Чечун (Россия)

2016 – Либога Вилсон (Кения)

2017 – Тилаҳун Гирма (Эфиопия)

2018 – Тефера Гоза (Эфиопия)

2019 – Фенте Ҷирма (Эфиопия)

2021 – Шоҳрух Давлатов (Ӯзбекистон)

2022- Ту Лезарус (Кения)

2023 - Шоҳрух Давлатов (Ӯзбекистон)

2024-Виталий Шафа (Украина)

2025 - Шоҳрух Давлатов (Ӯзбекистон)


🔸Миёни занон:

2010 – Надежда Поволяева (Россия)

2011 – Алёна Самохвалова (Россия)

2012 – Камила Ханипова (Россия)

2013 – Александра Дулиба (Беларус)

2014 – Ситора Ҳамидова (Ӯзбекистон)

2015 – Юлия Чиженко (Россия)

2016 – Даря Маслова (Қирғизистон)

2017 – Виктория Полюдина (Қирғизистон)

2018 – Даря Маслова (Қирғизистон)

2019 – Даря Маслова (Қирғизистон)

2021 - Даря Маслова (Қирғизистон)

2022- Теку Бкелу Абеб (Ҳабашистон)

2023 - Тунгускова Екатерина (Ӯзбекистон)

2024 - Азизахон Мирзоакбарова (Ӯзбекистон)

2025 -Екатерина Тингускова (Ӯзбекистон)