image

ТАҶЛИЛ АЗ РӮЗИ ПОЙТАХТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН - ШАҲРИ ДУШАНБЕ 

date_range19.04.2025, 19:25 chat_bubble_outline0 remove_red_eye15

ш.Душанбе. 19.04.2025. Имрӯз бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар толори “Кохи Суруш”-и пойтахт ба ифтихори Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ-фароғатӣ бо иштироки намояндагони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва сокинону меҳмонони пойтахт баргузор гардид. 

Дар оғози чорабинии фарҳангӣ - фароғатӣ нахуст бо сухани ифтитоҳӣ муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Шарифӣ Бахтиёр баромад намуда, иштирокчиёнро аз номи Раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ хайрамақдам ва бо Рӯзи пойтахт муборакбод намуд. 

Зикр гардид, ки ба шарофати сиёсати бомароми бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомҳои созандаи самарабахши Раиси шаҳри Душанбе пойтахти Ватани азизи мо - шаҳри Душанбе рӯз аз рӯз ободу зебо гардида, ба яке аз пойтахтҳои зебои ҷаҳон табдил ёфтааст.

Бо мақсади таъмини пешрафти соҳаҳои мухталифи пойтахт, аз ҷумла ҷиҳати беҳбуд бахшидани ҳолати инфрасохтор, сохтмон ва таҷдиди роҳҳои дохилишаҳрӣ, таъминот бо воситаҳои нақлиёти муосири ҷамъиятӣ, бунёди корхонаҳои саноатӣ, муассисаҳои таълимӣ, иншооти варзишӣ ва боғҳои фарҳангиву фароғатӣ то имрӯз дар ҳамбастагӣ ва бо дастгирии бевоситаи сокинони пойтахт корҳои назаррас амалӣ гардидаанд.

Сипас, дар вазъияти тантанавӣ ба ғолибони озмунҳои касбии соҳавӣ, ки то имрӯз гузаронида шудаанд, ҷоизаҳои шаҳрдорӣ супорида шуд. 

Ҳамчунин туҳфаҳои хотиравии арзишнок ва дипломҳо аз ҷониби намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба ғолибони Ниммарафони XV байналмилалии Душанбе-2025 дар фазои тантанавӣ супорида шуд.  

Сипас дар чорабинии бошукуҳ бахшида ба Рӯзи пойтахт, устодони ҳунар ва эҷодкорони ҷавони санъати кишвар бо барномаи ҷолиби фарҳангии иборат аз дастагули суруду мусиқӣ табъи иштирокчиёни ҷамъомади идонаро болида гардониданд.

Воқеан ҳам имрӯзҳо пойтахти Ватани азизи мо - шаҳри орзуву умедҳо Душанбеи зебоманзар, ки таҷассумгари симои давлату миллати мо маҳсуб меёбад, ба ифтихори Рӯзи пойтахт либоси идона ба бар карда, боз ҳам зебову дилработар гардидааст. Душанбеи имрӯза, воқеан ҳам, ифодагари симои аслии давлату миллати кӯҳанбунёди мо буда, дар радифи шаҳрҳои зебоманзари ҷаҳон мавқеи хосаро касб кардааст.