image

БАРГУЗОРИИ ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ “КАДБОНУИ БЕҲТАРИН”

date_range09.04.2025, 12:04 chat_bubble_outline0 remove_red_eye37

Имрӯз бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе, бо роҳбарии муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар, даври шаҳрии Озмуни “Кадбонуи беҳтарин” байни бонувону ҷавондухтарони ноҳияҳои пойтахт баргузор гардид.

   Озмуни мазкур бо мақсади ҳавасмандгардонӣ ва ҷалби кадбонуҳо, занони соҳибзавқ ва ҳунармандони моҳир, эҳёи таомҳои милливу маҳаллии аз байнрафта ва ривоҷ додани пухту пази таомҳои миллӣ дар тарабхонаву ошхонаҳо, омода намудани ҷавондухтарон ба ҳаёти мустақилона, баланд бардоштани маърифати хонадорӣ ва завқи дастархонороӣ, баланд бардоштани мақоми зан дар чомеа ва зиёд намудани ҷойҳои нави корӣ ва ошноӣ ба таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллӣ баргузор карда шуд.

   Иштирокчиёни озмун аз рӯи ороиши дастархон ва доштани малакаи истифода ва гузоштани зарф ва ашёҳои болои миз, омода ва пешниҳоди таомҳои субҳона, нисфирӯзӣ ва шом, пешниҳоди маълумот оид ба номи дурусти таом, ғизонокӣ ва таркиби он дар лавҳаҳо, маҳорати омода намудани хӯрокҳои маҳаллӣ, миллӣ ва муосир, маҳорати омода намудани хӯришҳо ва омода намудани намудҳои гуногуни хамир барои пухтани нон ва дигар маҳсулоти нонӣ маҳорати худро нишон дода, беҳтаринҳо бо Дипломҳои дараҷаи якум, дуюм, сеюм, туҳфаҳои хотиравӣ ва барои иштироки фаъолона бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуданд.