image

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ МАҚОМОТИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

date_range07.05.2025, 18:20 chat_bubble_outline0 remove_red_eye37

ш.Душанбе. 07.05.2025. Имрӯз ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Душанбе, бо иштироки роҳбарону кормандони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, маориф, ҷавонон, эмомхатибон, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва кормандони соҳаи таъминоти барқи пойтахт баргузор гардид.

Дар ин ҳамоиш як қатор масъалаҳои мубраму ҳалталаб, аз ҷумла таъмини иҷроиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи энергетика», истифодаи сарфакорона ва ошкору пешгирии далелҳои истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ, содиршавии амалу кирдорҳои номатлубу ҷиноятӣ аз ҷониби наврасону ноболиғон, аз таҳсил дур мондани наврасон ва баланд бардоштани масъулиятнокии волидайн ва субъэктони дар таълиму тарбияи наврасон масъул, аз ҷониби роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Душанбе мавриди таҳлилу баррасӣ ва натиҷагирӣ қарор гирифтанд.