image

АЁДАТИ ИШТИРОКЧИЁНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНИИ СОЛҲОИ 1941-1945 ВА РАСОНИДАНИ КУМАКПУЛИҲО ДАР ПОЙТАХТ

date_range07.05.2025, 18:25 chat_bubble_outline0 remove_red_eye36

ш.Душанбе. 07.05.2025. Дар арафаи Рӯзи ғалаба имрӯз гурӯҳи намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати Мудофиа ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба аёдати иштирокчиёни ин ҷабҳаи нангу номус рафтанд. Инчунин ба ҳар як иштирокчӣ кумакҳои пулӣ, аз ҷумла ба маблағи 50 ҳазор сомонӣ аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, 25 ҳазор сомонӣ аз номи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ ва 15 ҳазор сомонӣ аз номи роҳбарияти ноҳияи Синои шаҳр ва ҳамчунин медали ҷашнии 80-солагии Рӯзи ғалаба аз ҷониби Вазорати Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд.

Тибқи иттилои масъулин аз теъдоди 17 нафар иштирокчии ҶБВ, ки дар Тоҷикистон дар қайди ҳаётанд, феълан дар шаҳри Душанбе ҳамагӣ 2 нафар умр ба сар мебаранд. Ин ду нафар иштирокчӣ сокинони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе мебошанд.

Нахуст ҳайати меҳмонон ба аёдати иштирокчии ҶБВ-сокини маҳаллаи Чорякорони ноҳияи Сино Мухтор Заргарови 101-сола рафта, кӯмакпулиҳо тақдим намуданд. Намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президент табрикоти самимии Пешвои Миллатро ба ин иштирокчии ҶБВ расонида, туҳфаи Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ҳаҷми 50 ҳазор сомонӣ тақдим намуд. Ҳамзамон туҳфаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ҳаҷми 25 ҳазор сомонӣ ва туҳфаи раиси ноҳияи Сино дар ҳаҷми 15 ҳазор сомонӣ ва нишони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иштирочкии 101-солаи ноҳияи Сино тақдим гардид.

Сипас ҳайати меҳмонон ба аёдати сокини 99-солаи пойтахт Нағзибеков Бозор, ки дар шаҳраки Гипроземи ноҳияи Сино умр ба сар мебарад, рафтанд. Нағзибеков Бозор ин ҳама қадрдониҳоро эҳтироми хоса ба ин қишр маънидод намуда, эҳсоси хушнудӣ намуд.

Зимни аёдат масъулин ҳама корнамоиву каҳрамониҳои иштирокчиёни ҶБВ-ро, ки барои ҳифзи марзу бум сина сипар намуда буданд дар таърихи миллат фаромӯшнашаванда маънидод намуда, онро нишоне аз каҳрамониву ҷоннисорҳо ва далериву шуҷоати фарзандони миллат дар ҳифзи марзу бум барои насли имрӯзу оянда мондагор арзёбӣ намуданд.