image

Барқияи табрикӣ ба Раиси Думаи Давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Володин Вячеслав Викторович 

date_range12.06.2025, 10:20 chat_bubble_outline0 remove_red_eye9

Муҳтарам Вячеслав Викторович,

Табрикоти самимии маро ба муносибати Рӯзи Россия пазиро бошед!

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳои мустаҳкам ва гуногунҷанбаи шарикии стратегӣ ва ҳампаймониро бо Федератсияи Россия, ки ба пайванди мустаҳками дӯстӣ, эҳтироми мутақобила ва ҳамсоягии нек асос ёфтааст, баланд арзёбӣ менамоянд.

Сатҳи баланд ва рушди муттасили муносибатҳои байнипарламентиро бо қаноатмандӣ зикр менамоям. Боварӣ дорам, ки ҳамкории босамари мо минбаъд низ ба манфиати мардумони кишварҳоямон фаъолона вусъат меёбад.

Ба Шумо, муҳтарам Вячеслав Викторович, саломатии бардавом, саодатмандӣ, дар фаъолияти пурмасъулияти давлатиатон муваффақиятҳои минбаъда ва ба мардуми Россия сулҳ, устуворӣ ва шукуфоӣ орзумандам. 

Бо эҳтиром,

Рустам Эмомалӣ