
Мулоқот бо Директори иҷроияи Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) хонум Кетрин Рассел
30 май Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Директори иҷроияи Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) хонум Кетрин Рассел, ки ҷиҳати иштирок дар Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ба шаҳри Душанбе ташриф овардааст, мулоқот намуданд.
Дар рафти мулоқот масъалаҳои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Зикр карда шуд, ки дар муддати беш аз сӣ соли ҳамкорӣ Тоҷикистон ва ЮНИСЕФ дар кишвар як қатор лоиҳаҳои ниҳоди мазкур дар самти татбиқи ҳуқуқҳои кӯдак амалӣ шудаанд.
Аз таваҷҷуҳи ЮНИСЕФ ба ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон, аз ҷумла оид ба масъалаҳои обу иқлим ва иқдомоти амалисозии чорабиниҳои ҳадафманд бо ҷалби наврасон, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Дар идома ҷонибҳо масъалаҳои афзалиятноки ҳамкориҳои минбаъдаро дар самти рушди мактабҳои ҳушманди иқлим дар муассисаҳои таълимӣ, ҷорӣ намудани стандартҳои «сабз», пешгирии хушунати ҷинсӣ ва таъмини солимии равонии ҷомеа, инчунин, идомаи амалисозии лоиҳаҳои мухталифи ЮНИСЕФ дар доираи Барномаи кишварӣ барои солҳои 2023-2026, баррасӣ карданд.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ