image

Сафари гурӯҳи кории МД "Телевизиони Душанбе" ба Шинҷони Чин

date_range19.06.2025, 09:26 chat_bubble_outline0 remove_red_eye71

Бо дастгириҳои пайвастаи Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ, Муассисаи давлатии "Телевизиони Душанбе" рӯз то рӯз ба пешрафтҳо ва фанновариҳои техникию эҷодӣ ноил гашта истодааст. 
Дар ин радиф кормандони Муассиса барои боло бурдани маҳорати касбӣ ба Марказҳои омӯзишию такмили ихтисоси кишварҳои гуногун сафар намуда, донишу малака ва сатҳи тахассуси худро боло мебардоранд. 
Ин маротиба бо дастури Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ, ҳайати техникии Муассисаи давлатии "Телевизиони Душанбе" ҷиҳати омӯзиш, интихоб ва дастрас намудани мониторҳо барои бинои нави Муассисаи давлатии "Телевизиони Душанбе" ба шаҳри Шинҷони Ҷумҳурии Халқии Хитой сафар карданд. 
Дар ҷараёни сафар гурӯҳи корӣ аз рафти истеҳсоли монтиорҳои Ширкати BEIJING LEMA TECHNOLOGY CO., LTD. боздид намуда, ҳамзамон нозукиҳои истифодабарӣ, хизматрасонӣ ва насбу васли чунин технологияро омӯхта истодаанд.