image

Барқияи табрикӣ ба Раиси Маҷлиси Миллии Ҷумҳурии Арманистон Симонян Ален Робертович

date_range05.07.2025, 11:40 chat_bubble_outline0 remove_red_eye9

Ба Раиси Маҷлиси Миллии 
Ҷумҳурии Арманистон
Симонян Ален Робертович
 
Муҳтарам Ален Робертович,
Шуморо бо Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Арманистон самимона табрик мегӯям!
Тоҷикистон ба густариши равобити байнипарламентӣ, аз ҷумла тавассути гурӯҳҳои парламентии дӯстии кишварҳоямон ва таҳкими ҳамкории ҳамаҷонибаи неки ҳамсоягӣ дар асоси баробарҳуқуқӣ ва эҳтироми ҳамдигар аҳамияти хос медиҳад.

Бо истифода аз фурсат, ба Шумо муҳтарам Ален Робертович саломатии бардавом, дар фаъолияти парламентиатон муваффақият ва ба халқи дӯсти арман сулҳу шукуфоӣ таманно дорам.

Бо эҳтиром,
Рустам Эмомалӣ