image

ҶАМЪБАСТИ МУСОБИҚАИ КУШОДИ ВАРЗИШӢ ОИД БА ФУТБОЛИ ХУРД

date_range03.07.2025, 22:23 chat_bubble_outline0 remove_red_eye4

Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба футболи хурд байни кормандони вазорату кумиата, раёсат, ташкилоту муассиса ва корхонаву ҷамъиятҳо барои дарёфти “Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе” ҷамъбаст гардид.

Дар чорабинии мазкур аз 100 даста бо фарогирии 1500 нафар кормандони вазорату кумита, раёсат, ташкилоту муассиса, корхонаву ҷамъиятҳо ва дустдорони футбол иштирок намуданд. 

Маросими ҷоизасупории чорабинӣ дар майдони варзишии захиравии Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор гардида, дар байни кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ноҳияҳои он ва ташкилоту муассисаҳо аз 23 сола боло дастаи ҶСК “Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе” сазовари ҷойи якум, дастаи Раёсати вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, сазовари ҷойи дуюм ва дастаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино сазовори ҷойи сеюм гардиданд. 

Дар байни кормандони вазорату кумита, раёсат ва ташкилоту муассисаҳо аз 23 сола боло дастаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовари ҷойи якум, дастаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовари ҷойи дуюм ва дастаи ҶСК “Ориёнбонк” сазовори ҷойи сеюм гардиданд.

Дар байни кормандони вазорату кумита, раёсат, ташкилоту муассиса, корхонаву ҷамъиятҳо ва дӯстдорони футбол аз 23 сола боло дастаи ҶДММ “Сайёҳон” сазовари ҷойи якум, дастаи ҶДММ “Қолинҳои Пилла” сазовари ҷойи дуюм ва дастаи ҶСП “Ориёнбонк” сазовори ҷойи сеюм гардиданд.

Инчунин дар байни кормандони вазорату кумита, раёсат, ташкилоту муассиса ва корхонаву ҷамъиятҳо аз 45 сола боло дастаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовари ҷойи якум, дастаи ҶСП “Вавилон-Мобайл” сазовари ҷойи дуюм ва дастаи ҶДММ “Лазиз” сазовори ҷойи сеюм гардиданд.

Дар маросими ҷамъбасти чорабинии мазкур ғолибон ва ҷоизадорони ҷойи якум бо Ҷом, медал, диплом ва мукофоти пулӣ сарфароз гардиданд.