image

ҒОЛИБИЯТИ ХОНАНДАГОНИ ПОЙТАХТ ДАР ОЗМУНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ "НОЗИРОНИ НАВРАСИ ҲАРАКАТ" 

date_range19.07.2025, 21:05 chat_bubble_outline0 remove_red_eye12

Аз 16 то 19 июли соли 2025 дар  шаҳри Гулистони вилояти Суғд “Озмуни байналмилалии Нозирони навраси ҳаракат” бо иштироки дастаҳои иштирокчӣ аз 7 давлати аъзои ИДМ ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Федератсияи Россия,  Озарбойҷон ва Беларус баргузор гашт. 

Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин Озмуни байналмилалӣ дастаи Нозирони навраси ҳаракати МТМУ №42-и шаҳри Душанбе намояндагӣ намуданд.

Аъзоёни дастаҳо байни ҳам аз рӯи намудҳои «Азназаргузаронии сафороӣ», «Донишмандони Қоидаҳои ҳаракати роҳ», «Чархи амонӣ», «Танзимгари наврас», «Дастаи ман», «Гурӯҳҳои ташвиқотӣ», «Пурдонҳо» ва «Тарғибгари наврас»  қувваозмоӣ менамоянд.
Дар Озмун дастаи Нозирони навраси ҳаракати МТМУ №42-и шаҳри Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи намудҳои "Азназаргузаронии сафороӣ" сазовори ҷойи якум, "Танзимгари наврас" сазовори ҷойи дуюм ва "Пурдонҳо" сазовори ҷойи сеюм ва дар маҷмуъ аз ҳисоби даставӣ сазовори ҷойи сеюм гардиданд.