image

35 МЕДАЛИ ТИЛЛО - ДАСТОВАРДИ БЕНАЗИРИ ХОНАНДАГОНИ ПОЙТАХТ

date_range14.07.2025, 11:20 chat_bubble_outline0 remove_red_eye13

Соли 2025 хатмкунандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе дар озмуни аттестати аъло бо медалҳои тилло натиҷаҳои беҳтарин дар таърихи баргузории озмуни мазкурро ба даст оварданд. Дар маҷмуъ, 35 нафар бо аттестати аълои универсалӣ ва равиявӣ бо медали тилло сарфароз шуданд, ки дар сатҳи ҷумҳурӣ натиҷаи рекордӣ мебошад. 

   Бояд зикр кард, ки дар ду соли охир (соли 2024-27 медал), хатмкунандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе дар озмуни мазкур пайваста натиҷаҳои баланд нишон дода, ин дастовардҳоро ба сатҳи бесобиқа дар даврони соҳибистиқлолӣ расонидаанд.

   Ин ҳама дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастгириҳои пайвастаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба даст омада, шароити мусоидро барои таълиму тарбияи босифати насли наврас фароҳам намудааст.

   Бо дастгирии пайвастаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар самти татбиқи босамари “Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2021-2025” дар шаҳри Душанбе шароит фароҳам овард, ки тайи солҳои охир хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт дар озмуну олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ бо ба даст овардани бештари ҷойи ифтихорӣ, чи аз лиҳози сифат ва чи аз лиҳози шумора дар сатҳи ҷумҳурӣ дар мақоми аввал бошанд. 

   Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ин дастоварди арзишмандро ба тамоми омӯзгорон, падару модарон ва хонандагони фаъол муборакбод гуфта, изҳори умед мекунад, ки он барои дигар хонандагон намунаи ибрат хоҳад буд ва волидонро ба назорати бештару ҷиддии таҳсили фарзандон ҳидоят хоҳад кард.