
Мулоқот бо Раиси халқ маслиҳатии Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов
4 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фурудгоҳи шаҳри Туркменбошӣ бо Раиси халқ маслиҳатии Туркманистон муҳтарам Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов мулоқот намуданд.
Дар оғози суҳбат муҳтарам Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба шаҳри Туркменбошӣ хайра мақдам гуфта, барояшон хоҳони будубоши хуш ва боздиди пурмаҳсул шуданд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз фурсати муносиб барои дидору гуфтугӯ бо роҳбарияти Туркманистони дӯст изҳори қаноат намуда, ба кори конфронси байналмилалии басо муҳим ба бародарони туркман барору комёбӣ хостанд.
Зимнан доир ба доираи васеи масоили вобаста ба муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвари дӯст гуфтугӯи судбахш сурат гирифт.
Таваҷҷуҳи зиёд ба роҳҳои густариши робитаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангӣ зоҳир гардид.
Ҳамчунин, доир ба як зумра мавзӯъҳои минтақавию байналмилалӣ табодули афкор сурат гирифт.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ