
ФАЪОЛИЯТИ МД “ТЕЛЕВИЗИОНИ ДУШАНБЕ” ДАР НИМСОЛАИ АВВАЛИ СОЛИ 2025 НАТИҶАГИРӢ КАРДА ШУД
Бо иштироки муовини раиси Кумитаи телевзион ва радиои назди Ҳукумати ҶумҳурииТоҷикистон, роҳбарият ва ҳайати эҷодиву техникии Телевизиони Душанбе дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур ҷаласаи ҷамъбастии Телевизиони Душанбе дар нимсолаи аввали соли 2025 баргузор гардид.
Зимни баромад масъулин изҳор доштанд, ки Муассисаи давлатии “Телевизиони Душанбе” фаъолияти худро дар асоси амру фармонҳо ва дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, талаботҳои Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ”, “Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма”, “Дар бораи Реклама”, қарорҳои Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва дастуру супоришҳои мақомоти шаҳрдорӣ амалӣ месозад.
Роҳбарияти телевизион изҳор доштанд, ки дар давраи ҳисоботӣ 31 ролики таблиғотии чорабиниҳои оммавӣ ва 70 лавҳа дар бораи зебогиҳои табиат дар фасли зимистон ва айёми баҳорон, ҷашни бостонии “Наврӯз” ва ободонии кӯчаву хиёбонҳои пойтахт, намои шабонаи биноҳои баландошёнаи маъмуриву истиқоматӣ таҳия ва манзури бинандагон гардидаанд.
Мавриди зикр аст, ки ҳама чорабиниҳои сатҳи баланди ҷумҳуриявию байналмилалӣ, ки дар пойтахт баргузор мегарданд, бо истифода аз “Студияи сайёр”-и Муассисаи давлатии “Телевизиони Душанбе” сабт гардида, ба Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.
Аз ҷумла, дар давоми се моҳи аввали соли ҷорӣ бо истифода аз Студияи сайёри калон 8 чорабинӣ ва бо Студияи сайёри хурд 40 чорабинӣ сабт карда шудаанд.
Ҳамзамон масъулин зимни ҳисоботи худ қайд намуданд, ки дар давраи ҳисоботӣ аҳли эҷоди Идораи барномаҳои иттилоотии “Телевизиони Душанбе” дар мавзӯҳои мухталифи дорои аҳамияти шаҳрӣ барномаи иттилоотии “Вақт” пешкаши тамошобинон намуданд. Аз ҷумла 1042 гузориш, 465 нашри барномаи иттилооти “Вақт” (аз ин шумора 155 барномаи асл), 310 нашри барномаи русии “Время” (аз ин шумора 155 нашри асл), 24 нашри ҷамъбастии “7-рӯзи Душанбе” ва 24 нашри ҷамъбастии “Неделя в городе” бо забони русӣ пахш гардид.
Дар маҷмуъ 117 соат барномаи асл ва 347 соат барнома такроран пешниҳоди бинандагон карда шуд.
Дар давоми нимсолаи якуми соли 2025 аз ҷониби Идораи барномаҳои сиёсӣ ва таҳлилӣ 82 барнома, 2 филм ва якчанд видеоролик таҳия ва пешкаши бинандагон карда шуд.
Ҳамчунин, дар ин давра аз ҷониби Идораи фарҳангӣ ва барномаҳои мусиқӣ 152 барнома, 12 филми мустанад, 7 гузориши муфассал, 7 ролик ва 7 лавҳа омода карда шудааст.
Ҳамин тариқ, давоми нимсолаи якуми соли 2025 дар мачмуъ 234 барномаи муаллифӣ, 465 нашри барномаи иттилооти “Вақт”, 310 нашри барномаи русии “Время”, 1042 гузориш, 24 нашри ҷамъбастии “7-рӯзи Душанбе”, 24 нашри ҷамъбастии “Неделя в городе”, ҳамчунин 14 филми мустанад, 70 лавҳа ва 31 ролики таблиғотӣ доир ба масъалаҳои муҳими ҷомеа таҳия ва манзури бинандагон карда шудааст. Муассисаи давлатии “Телевизиони Душанбе” тасмим дорад, ки минбаъд низ фаъолияти худро ҷиҳати инъикоси ҳамаҷонибаи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру супоришҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо пешниҳоди барномаҳои ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир беҳтар намояд.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ