
ИФТИТОҲИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ ТОМАКТАБИИ «АФРӮЗА» АЗ ҶОНИБИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ МУҲТАРАМ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ
ш.Душанбе. 15.08.2025. Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе муассисаи таҳсилоти томактабии «Афрӯза»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ нахуст бо шароити фароҳамовардаи таълиму тарбия дар кӯдакистони мазкур шинос гардиданд.
Иттилоъ дода шуд, ки муассисаи томактабии мазкур аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, барои ба таълиму тарбия фаро гирифтани 120 нафар кӯдак дар 10 гуруҳ пешбинӣ гардидааст.
Кӯдакистони мазкур дорои синфхонаҳои таълимӣ, ҳуҷраҳои кории маъмурият ва табибон, ҳуҷраҳои хоб, ошхона, толорҳои фарҳангӣ ва варзишӣ мебошад, ки онҳо бо тамоми шароит фароҳаманд.
Барои истироҳату фароғат ва солимгардонии кӯдакон бошад, дар саҳни бино айвончаҳои тобистона ва майдончаи бозӣ баҳри тарбиятгирандагон бунёд гардидааст.
Зимни шиносоӣ бо шароит дар кӯдакистон, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ масъулинро вазифадор намуданд, ки дар самти баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, тарбияи кӯдакону наврасон дар руҳияи ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ диққати аввалиндараҷа зоҳир намоянд.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ