image

Ҷашни Истиқлол муборак! 

date_range05.09.2025, 12:28 chat_bubble_outline0 remove_red_eye18

Истиқлоли давлатӣ барои миллати кӯҳанбунёди тоҷик бузургтарин дастоварди таърихӣ маҳсуб ёфта, Тоҷикистони азизи мо таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол аз сол дар тамоми соҳаҳо рӯ ба пешрафт дорад. Натиҷаи ҳамин сиёсати хирадмандона аст, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ Тоҷикистони соҳибистиқлолро ҳамчун давлати рӯ ба тараққӣ мешиносад. 

Бахусус раванди бонизоми ободониву бунёдкорӣ шаҳри Душанберо ба яке аз пойтахтҳои рушдёфтаи кишварҳои минтақа табдил додааст. 

Ҳамаи ин аз самараи даврони Истиқлолияти давлатӣ мебошад, ҳамчун неъмати бебаҳо барои ҳар як фарди ин сарзамини бостонӣ муқаддас аст. 

Муассисаи давлатии “Телевизиони Душанбе” бо арзи эҳтиром кулли ҳамватанонро ба муносибати 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик мегӯяд! 

Солгарди навбатии Истиқлоли давлатӣ муборак!