
Мулоқот бо Раиси Сенати Олий Маҷлиси Ӯзбекистон Танзила Нарбаева
23 сентябр дар ҳошияи Форуми сеюми байнипарламентии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Бишкек Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд.
Зимни суҳбат ҷонибҳо аз раванди ҳамкории судманди байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон, аз ҷумла дар чаҳорчӯби созмонҳои минтақавӣ, изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Ба рушди ҳамкории мутақобилан судманди ду давлат дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангтву башардӯстӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.
Ҳамчунин, ҷонибҳо оид ба масъалаҳои рӯзномаи байналмилалӣ табодули афкор намуданд.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ