
МУЛОҚОТИ МУҲТАРАМ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО МАРАТ ҲУСНУЛЛИН
9 октябр дар ҳошияи чорабиниҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Душанбе, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Марат Ҳуснуллин мулоқот анҷом доданд.
Ҷонибҳо вазъи имрӯза ва дурнамои муносибатҳои бисёрҷонибаи Тоҷикистону Россияро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Рушди бемайлони робитаҳои байнипарламентии ду кишвар зикр гардид.
Ба масъалаҳои тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунҷанба бо Федератсияи Россия, аз ҷумла дар бахшҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангиву башардӯстӣ ва нақши назарраси Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Россия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ дар ин раванд, таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид.
Зимни суҳбат ҷонибҳо вобаста ба масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳ мубодилаи афкор намуданд.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ