
ИШТИРОКИ ФАЪОЛОНАИ НОҲИЯИ СИНО ДАР 2-ЮМИН НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ СИНАМОҶАШНВОРАИ ДУШАНБЕ - "ТОҶИ СОМОН"
Шоми 18 октябри соли 2025 дар Боғи Ирами пойтахт, дар доираи 2-юмин Намоишгоҳи байналмилалии Синамоҷашнвораи Душанбе – “Тоҷи Сомон”, фестивали пуршукуҳи хӯрокҳои миллӣ ва мероси таърихию фарҳангии тоҷикон баргузор гардид.
Дар чорабинӣ роҳбарияти шаҳри Душанбе, роҳбарияти “Тоҷикфилм”, ноҳияҳои пойтахт, ҳунармандони соҳаи синамои кишварҳои хориҷӣ, меҳмонон ва сайёҳони сершумор иштирок намуданд.
Бо ифтихор зикр бояд кард, ки Муассисаи давлатии “Ҳунарҳои мардумӣ”-и ноҳияи Сино бо пешниҳоди дастовардҳои ҳунармандон ва маҳсули чирадастони худ симои фарҳанги миллиро ҷилвагар сохт. Ҳамзамон, бонувони ҳунарманд бо намоиши намудҳои гуногуни хӯрокҳои миллӣ ва нонҳои лазизи тоҷикӣ анъанаҳои пурғановати миллиро ба тамошобинон муаррифӣ карданд.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ