
Паёми шодбошии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба муносибати Иди Меҳргон ва рӯзи кормандони соҳаи кишоварзӣ
Ҳамдиёрони азиз!
Кишоварзони заҳматпешаи диёр!
Шуморо ба ифтихори фаро расидани яке аз қадимтарин ва арзишмандтарин ҷашнҳои аҷдодӣ - Иди Меҳргон, ки рамзи тирамоҳ ва ҷамъоварии ҳосили пурбаракат мебошад, инчунин, бо Рӯзи кормандони соҳаи кишоварзӣ самимона табрик мегӯям.
Қобили зикр аст, ки дар натиҷаи пешбурди сиёсати фарҳангпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Меҳргон соли гузашта ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид карда шуд.
Меҳргон иди ҳосилот, фаровонӣ ва шодмонӣ аст, ки дар худ муҳаббат, ваҳдат ва рафоқатро таҷассум мекунад. Кишоварзони асил ва меҳнатдӯст бо шукргузорӣ аз неъматҳои истиқлол дар фазои сулҳу суботи комил дастранҷи хешро ҷамъ оварда, дар ғанӣ гардонидани дастархони мардуми кишвар ва таъмини истиқлолияти озуқавории Ватани маҳбубамон саҳми арзишманди худро мегузоранд.
Бори дигар ҳамаи шумоён, ҳамватанони бурунмарзӣ, деҳқонон, чорводорон ва кормандони соҳаи кишоварзиро бо ин ҷашни ниёгон ва иди касбии кишоварзон муборакбод намуда, саломатӣ, хирмани пурбаракат ва комёбиҳои нав орзу менамоям.
Иди Меҳргон муборак!
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ