image

Ифтитоҳи намоишгоҳи сенздаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон

date_range20.10.2025, 16:16 chat_bubble_outline0 remove_red_eye7

20 октябр дар МД «Осорхонаи миллии Тоҷикистон» маросими ифтитоҳи намоишгоҳи сенздаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» баргузор гардид. 

Чорабинии фарҳангӣ бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Ҳукумати кишвар ташкил гардида, мақсади асосии он рушди фарҳанги китобхонӣ, табодули таҷрибаи ноширон ва муаллифон, ҳамчунин муаррифии дастовардҳои адабии кишварҳои иштирокдор мебошад. 

Дар маросими ифтитоҳии намоишгоҳи сенздаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён суханронӣ намуда, китобро “рамзи дониш, маърифат ва воситаи робитаи фарҳангии миллатҳо” арзёбӣ кард. 

Ӯ таъкид намуд, ки таваҷҷуҳ ба китоб нишондиҳандаи сатҳи маданияти ҳар миллат аст ва баргузории чунин намоишгоҳҳо барои густариши робитаҳои фарҳангӣ миёни кишварҳо аҳамияти хосса доранд. Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» аз соли 2010 инҷониб ҳамасола баргузор шуда, яке аз муҳимтарин рӯйдодҳои фарҳангии Тоҷикистон ба шумор меравад. 

Иттило дода шуд, ки соли равон дар намоишгоҳи сенздаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» ноширон ва намояндагони фарҳангии Тоҷикистон, Россия, Чин, Эрон, Туркия, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Туркманистон ширкат доштанд. 

Дар доираи чорабинӣ китобҳои тозанашр муаррифӣ шуда, маҳфилҳои адабӣ ва мулоқотҳои эҷодӣ бо адибон ва муҳаққиқон баргузор мегарданд.

Валиҷон Шарифзода 

"ТВ Душанбе"