
Таҷлили ҷашни Меҳргон дар Литсейи касбии хизмат ва туризм
Дар Муассисаи давлатии таълимии "Литсейи касбии хизмат ва туризми"-и Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо иштироки меҳмонон, роҳбарият, омӯзгорон ва таълимгирандагон бахшида ба ҷашни Меҳргон барномаи рангини фарҳангӣ доир гардид.
Дар оғози барнома роҳбарияти Литсей доир ба пайдоиши ин ҷашни қадима маърӯза намуда, изҳор дошт, ки Меҳргон яке аз суннатҳои пурифтихор ва қадимтарини ниёгони ориёитабори мо ба шумор рафта, он ҳамчун рамзи меҳнат, дӯстӣ, эҳсон ва фаровонӣ шинохта шуда, ҷашни хурсандӣ ва сипосгузорӣ аз неъматҳои табиат ба ҳисоб меравад.
Таъкид гардид, ки таҷлили чунин ҷашнҳои миллӣ на танҳо эҳёи анъанаҳои қадимии ниёгон, балки василаи тарбияи маънавии насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ мебошад.
Ғунчагул Нурализода
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ