ТАҶЛИЛИ ИДИ МЕҲРГОН, ФЕСТИВАЛ-НАМОИШ ВА ФУРУШИ АСАЛ, ШОЛИЮ БИРИНҶ, ТЕХНИКАИ КИШОВАРЗӢ ВА РӮЗИ КИШОВАРЗОН ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ
19 октябр дар МД "Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавси"-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Иди Меҳргон, фестивал-намоиш ва фурӯши асал, шолию биринҷ ва техникаи кишоварзӣ баргузор гардид.
Дар “Иди Меҳргон, фестивал-намоиш ва фурӯши асал, шолию биринҷ ва техникаи кишоварзӣ”, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон, ва Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳакимзода Қурбон, роҳбарон ва намояндагони вазорату кумита ва агентиҳои ҷумҳурӣ, намоядагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, созмонҳои байналмилалӣ, гуруҳи сафирон ва сокинону меҳмонони пойтахт иштирок намуданд.
Дар ҷашнгоҳ дастранҷи заҳмати марди деҳқон аз қабили навъҳои гуногуни зироат, меваҷот, сабзавот, асали табиӣ, техникаю мошинолот, ихтирооти вобаста ба соҳа пешниҳоди иштирокдорон гардонида шуд. Дар ин макон ҳамчунин аз ҷониби беҳтарин кадбонуҳои мамлакат хӯрокҳои миллӣ омода шуда, манзури сокинон ва меҳмонони пойтахт гардиданд. Дар гӯшаи дигари боғ ҳунарҳои мардумӣ ба намоиш гузошта шуд, ки ҳар кадоми он ифодагари меҳнати дастии ҳунармандон буда, аз завқу маҳорат ва таърихи бой доштани ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дарак медод.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон иштирокдорони намоишро аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Иди Меҳргон шодбош гуфта, барои фаъолияти беҳтарин ва дастовардҳои шоиста дар соҳаи кишоварзӣ ва дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани Иди Меҳргон изҳори сипос намуд.
Дар ҷорабинӣ аз рӯйи номинатсияҳо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва хоҷагии беҳтарин бо Диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ, барои иштироки фаъолона як қатор вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо бо Сипосномаи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
Дар фарҷоми чорабинии мазкур баҳри болидаруҳии иштирокчиён аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи фарҳангию фароғатӣ пешкаш карда шуд.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS






Aсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон



Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ