image

Баргузории Мизи гирди кишварҳои СҲШ оид ба идоракунии ҷаҳонӣ — Global Governance Roundtable for SCO Countries 2025

date_range17.10.2025, 22:58 chat_bubble_outline0 remove_red_eye13

Рӯзҳои 15-17 октябри соли 2025 дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин Мизи гирди кишварҳои Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) оид ба идоракунии ҷаҳонӣ — Global Governance Roundtable for SCO Countries 2025 баргузор гардид.


Дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар бахши фарҳангу иттилоот ва технологияҳои рақамӣ мунтазам намояндагони сохторҳои марбута дар чорабиниҳои гуногуни минтақавию байналмилалӣ ширкат менамоянд. Дар ин замина ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар яке аз чорабиниҳои соҳавӣ, ки дар доираи СҲШ дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии мардумии Чин ҷараён дошт, иштирок намуд.

Кэда Сюньфэй (iFLYTEK Co., Ltd.) — яке аз ширкатҳои пешқадами технологӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошад, ки дар самти таҳия ва татбиқи системаҳои зеҳни сунъӣ фаъолият менамояд. Самтҳои асосии фаъолияти ширкатро таҳияи технологияҳои шинохт ва синтези овоз, коркарди забони табиӣ ва эҷоди ҳалли инноватсионии зеҳнии рақамӣ ташкил медиҳанд.

Ширкат соли 1999 дар шаҳри Ҳэфэй (вилояти Анҳуй) бо дастгирии Донишгоҳи илму техникаи Чин таъсис ёфтааст. Имрӯз iFLYTEK яке аз пешсафон дар ҷаҳон дар соҳаи технологияҳои овозӣ ва ҳалли зеҳнии соҳаҳои маориф, тандурустӣ, шаҳрҳои ҳушманд ва идоракунии рақамӣ ба ҳисоб меравад.

Информационная программа "Время" - 17.10.2025
Баргузории мизи гирд оид ба идоракунии ҷаҳонӣ Global Governance Roundtable for SCO Countries 2025

https://youtu.be/IhomyE-OiF0?si=ruiG-1vstj4ciCd8