
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Восеъ аз боғи хоҷагии деҳқонии Миралӣ Маҳмадалӣ боздид намуданд
Дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Восеъ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Миралиобод аз боғи хоҷагии деҳқонии Миралӣ Маҳмадалӣ боздид намуданд.
Тавре иттилоъ дода шуд, дар ин қитъаи замин боғдорон ба парвариши дарахтони нок, шафтолу, олу, хурмо, чормағз ва зардолу машғуланд.
Дар гармхонаи хоҷагӣ ниҳолҳои лиму парвариш карда мешавад, ки як роҳи дигари даромади хуби иқтисодии коргарон аст.
Бо мақсади истифодаи самараноки замин дар байни қатори дарахтон сабзавот, аз қабили помидор, қаланфури булғорӣ, каду, боимҷон, полезӣ ва дар кишти дуюм сабзӣ, шалғам, карам, лаблабуи сурх, ҷуворимакаи дон ва ғайра кишт карда шудааст.
Дар ноҳияи Восеъ, ки яке аз минтақаҳои калони аграрию саноатии вилояти Хатлон ба шумор меравад, аз майдони умумии 23 334 гектар замини корам 1632 гектарро замини боғот ташкил медиҳад.
Тавре иттилоъ дода шуд, ба ҳолати 1 октябри соли 2025 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия беш аз 36 ҳазор тонна меваву ангур истеҳсол карда шудааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо нашъунамои дарахтон, вазъи парвариши лиму дар гармхонаи хоҷагӣ ва истифодаи самараноки замин ба коргарон барои рушди соҳаи боғутокпарварӣ ва самаранок истифода бурдани ҳар як порча замин тавсияҳои муфид доданд.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ