image

Натиҷагирӣ аз фаъолияти нуҳмоҳаи муассисаи давлатии "Телевизиони Душанбе"

date_range27.10.2025, 13:29 chat_bubble_outline0 remove_red_eye39

Бо иштироки масъулини Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарият ва ҳайати эҷодиву техникии Муассисаи давлатии “Телевизиони Душанбе” дар толори калони муассиса ҷаласаи ҷамъбастии ин шабакаи телевизионӣ доир ба фаъолияти 9 моҳа баргузор гардид. 

Иттилоъ дода шуд, ки ҳайати эҷодиву техникии “Телевизиони Душанбе” дар давоми 9 моҳи соли 2025 тамоми рӯйдодҳои муҳими ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии ҷомеа, бахусус шаҳри Душанберо  ҳамарӯза тавассути барномаҳои иттилоотӣ, сиёсиву таҳлилӣ ва фарҳангиву фароғатӣ инъикос менамоянд. 

Дар раванди ҳамоиш аз ҷониби Маъруфҷон Оқилзода директори ин шабакаи телевизионӣ ҳисоботи 9 моҳа пешниҳод гардид. Зикр шуд, ки дар ин давра чорабиниҳои сатҳи байналмилаливу минтақавӣ ва ҷумҳуриявию шаҳрӣ тавассути студияи сайёри телевизионии муассиса дар ҳамкорӣ бо Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сабт ва инъикос гардидаанд. Инчунин аз ҷониби ҳайати эҷодиву техникии шабака барномаҳои гуногунжанр таҳия ва пешниҳоди бинанда шудааст. 

Ҳаминтавр доир ба фаъолияти ҳамаи самтҳои “Телевизиони Душанбе” бо мисолҳои мушаххас маълумот ироа гардид. 

Муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Суҳроб Ализода бо натиҷагирӣ аз фаъолияти “Телевизиони Душанбе” андешаронӣ намуда, доир ба беҳтар намудани сифати гузоришу барномаҳо, дастрасӣ ба технологияҳои нави соҳа, истифодаи имконияти шабакаҳои иҷтимоӣ ва беҳтар намудани муҳтавои намоишҳои телевизион тавсияҳои судмандро ба миён гузошт.  

Роҳбарият ва кормандони муассиса назди худ мақсад гузоштаанд, ки минбаъд низ маводи телевизиониро дар сатҳи касбӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир омода ва пешниҳод менамоянд.

Меҳринисо Рауфова

"ТВ Душанбе"