image

Маҳфили "Шоҳномахонӣ" дар МТМУ №6-и ноҳияи И.Сомонӣ

date_range27.10.2025, 16:27 chat_bubble_outline0 remove_red_eye45

Шоҳнома - ин достонест, ки Фирдавсиро дар олам машҳур кардааст. Фирдавсӣ зиёда аз сӣ соли ҳаёти худро барои навиштани "Шоҳнома" сарф кардааст.

Дар маҳифили адабии «Шоҳномахонӣ», ки миёни хонандгони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 6-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ баргузор карда шуд, гуфта шуд, ки Фирдавсии бузург асари худро дар замоне навишт, ки давлати бузург ва муттамаркази тоҷикон – Сомониён дар натиҷаи кашмакашиҳои дохилӣ ва таҳдиди аҷнабиёни чодарнишин рӯ ба рӯ ба парокандагӣ ниҳода буд.

Ҳаким Фирдавсӣ дар синни 35-солагӣ пас аз он, ки ба Бухоро ва дигар ҷойҳо сафар карда, бар иловаи «Шоҳномаи Абӯмансурӣ» дар бораи гузаштаи халқҳои Эрон маълумоти муфассал ҷамъ овард, ба танзими хамосаи худ «Шоҳнома» шурӯъ намуд. Сар то сари он ба ҳимояи чунин давлат ва ягонагии мардум бархоста, далерӣ, озодӣ, садоқат, ватандӯстӣ ва қаҳрамонӣ барин волотарин хислатҳои инсониро тарғиб намудааст.

Дар маҳфил хонандагон аз достонҳои Шоҳнома порчаҳо қироат намуда, ҳамчунин саҳначаҳои ҷолибро низ иҷро карданд. Маҳфили Шоҳномахонӣ миёни хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 6 бо ташаббуси роҳбарият ва омӯзгорони фанни забон ва адабиёти тоҷик роҳандозӣ гардид.

Муқаддимаи «Шоҳнома» аз бобоҳои «Оғози китоб», «Гуфтор андар ситоиши хирад», гуфтаҳоро дар офариниши олам, мардум, «Ситоиши паёмбар ва ёронаш» фароҳам омадааст. Достон аз се фасли асосӣ иборат аст: фасли якум ба таърихи Пешдодиён, фасли дуюм ба таърихи Каёниён ва фасли сеюм ба таърихи сулолаи Сосониён бахшида шудааст. Мобайни фасли дуюму сеюм дар бораи таърихи Ашкониён низ сухан меравад. Матни аслии достон аз тасвири таърихи 50 подшоҳони Эронзамин (аз Каюмарс то Яздигурди III) таркиб ёфтааст, қайд гардид дар идомаи маҳфили Шоҳномахонӣ.

Валиҷон Шарифзода

"ТВ Душанбе"