image

Ифтитоҳи курси «Бонувон дар сиёсат» ва мизи мудаввар дар мавзӯи «Занон дар хизмати давлатӣ: равандҳо ва дурнамо»

date_range28.10.2025, 14:32 chat_bubble_outline0 remove_red_eye66

Бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 июли соли 2022, “Дар бораи Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кардрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023-2030”, курси омӯзишӣ аз рӯи барномаи «Мактаби сарварӣ» зери унвони «Бонувон дар сиёсат» ва мизи мудаввар дар мавзӯи «Занон дар хизмати давлатӣ: равандҳо ва дурнамо» ташкил гардид.

Дар раванди чорабинӣ занону ҷавондухтарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, мақомоти иҷроия, сохторҳои шаҳрӣ ва ташкилоту муассисаҳои ҳудуди пойтахт бо фарогирии 25 шунаванда аз ҳисоби занон ширкат намуданд. 

Дар ифтитоҳи курси «Бонувон дар сиёсат» ва мизи мудаввар дар мавзӯи «Занон дар хизмати давлатӣ: равандҳо ва дурнамо» намояндагон аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии хизмати давлатӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Қайд гардид, ки воқеан занону бонувон таҷассумгари симои маънавию ахлоқӣ ва зоҳирию ботинии ҳар як миллату давлат ва ҷомеаи мутамаддин буда, сатҳи хираду маърифат, дониш, камолоту пешрафт, гузашта, имрӯз ва ояндаи ҷомеаро инъикос менамоянд. Сиёсати созандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин давра имкон дод, ки мақому манзалати зан дар ҷомеа боз ҳам баланд бардошта шавад.

Иттилоъ дода шуд, ки курси омӯзишӣ давоми се рӯз идома ёфта, баъди хатми он ба шунавандагон сертифакат супорида мешавад.

Ҳомидов Қиёмиддин

"ТВ Душанбе"