image

Баргузории чорабинии маърифатии экологӣ дар Гимназияи №1 барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе

date_range28.10.2025, 15:38 chat_bubble_outline0 remove_red_eye51

Дар доираи нақшачорабинии муштаракаи Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе бо Сарраёсати маорифи пойтахт чорабиниҳои гуногуни экологӣ баргузор карда мешавад.

Бо иштироки намояндагони Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе чорабинии маърифатии экологӣ дар Гимназияи №1 барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе доир гардид.

Ҳамоиш дар доираи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 ташкил шуда, ҳадафи он дар рӯҳияи табиатдӯстӣ тарбия намудани хонандагон арзёбӣ гардид.

Тавре дар раванди машғулияти омӯзишӣ зикр шуд, экология – илм дар бораи муносибати байни организмҳои зинда ва муҳити зисти онҳо мебошад. Экология ҳамчун илм ба фаҳмиши функсиякунонии экосистемаҳо, муносибати байни организмҳои зинда ва муҳити зисти онҳо, шартҳои тараққиёт ва баробарии ҳамин гуна низомо равона карда шудааст.

Зимнан масъулин доир ба моҳияти Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 ва манфиати он барои татбиқи ҳадафҳои рушди устувор андешаронӣ намуданд.

Саодат Тоирӣ

"ТВ Душанбе"