image

Рӯнамоии китоби Файзулло Мирзо зери унвони "Занбӯриасалпарварӣ"

date_range29.10.2025, 11:51 chat_bubble_outline0 remove_red_eye64

Ба хотири рушди соҳаи кишоварзии мамлакат бояд назарияи ин самт низ тақвият ёбад. Бо ин мақсад олимону донишмандони соҳа пайваста корҳои илмиву пажӯҳиширо анҷом медиҳанд. Китоби нав дар соҳа бо номи "Занбӯриасалпарварӣ" низ аз ҷониби муаллиф Файзулло Мирзо бо ин ҳадаф таҳия ва нашр гардидааст. 

Бо мақсади рӯнамоии ин асари муҳим дар соҳаи кишоварзии мамлакат дар Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон чорабинӣ баргузор гардид. 

Дар раванди ҳамоиш олимону донишмандони соҳа, коршиносони ин самт ва дӯстону фарзандони муаллиф ширкат намуданд. 

Гуфта шуд, ки китоб фарогири як омӯзиши пурра дар самти занбӯриасалпарварӣ буда, он таъриху ташаккули ин бахшро дар кӯҳистони мамлакат дар бар гирифтааст. 

Ширкатдорон доир ба аҳамияти ин асар саҳми он дар рушди занбӯриасалпарварии кишвар андешаронӣ намуданд. 

Китоб бо теъдоди 500 нусха зери тамғаи нашриёти "Ирфон" нашр шудааст.

Раҳими Карим 

"ТВ Душанбе"