image

Баргузории конфронси илмӣ–назариявӣ таҳти унвони «Пули сомонӣ–рукни давлатдории миллӣ»

date_range30.10.2025, 14:44 chat_bubble_outline0 remove_red_eye46

Пули миллӣ барои ҳар як давлати мустақил на танҳо воситаи муомилоти иқтисодӣ, балки рамзи аз ҷиҳати сиёсӣ ва иқтисодӣ соҳибистиқлол будани он маҳсуб меёбад. Барои миллати тоҷик пули миллии сомонӣ нишонаи бозгашт ба давлатдории таърихӣ, ифтихори миллӣ ва обрӯю эътибори давлату миллат мебошад.

Бо ибтикори Бонки миллии Тоҷикистон Конфронси илмӣ–назариявӣ таҳти унвони «Пули сомонӣ–рукни давлатдории миллӣ» бахшида ба 25 солагии барориши пули миллии сомонӣ баргузор гардид. Имрӯз пули миллӣ — сомонӣ на танҳо воситаи муомилот, балки рамзи давлатдорӣ, истиқлолияти иқтисодӣ ва ифтихори миллӣ мебошад.

Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода қайд намуд, ки пули миллӣ ҳамчун яке аз рукнҳои асосии истиқлол ва нишонаҳои возеҳи мустақилият дар истиқрори давлатдорӣ нақши муҳим дорад. Бо ҷорӣ намудани пули миллӣ миллати тоҷик собит кард, ки қодир аст давлати мустақил дошта бошад, иқтисоди худро танзим намояд ва дар арсаи байналмилалӣ мақоми худро соҳиб шавад.

Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон зимни баромади худ афзуд, ки бо гузашти вақт пули миллӣ чун ифодагари соҳибихтиёрӣ ва истиқлоли Тоҷикистон мақоми худро ҳифз намуд.

Ҳаминтавр масъалаҳои дигари ин бахш баррасӣ гардид.

Меҳринисо Рауфова

"ТВ Душанбе"