Курси омӯзишии «Мактаби сарварӣ» зери унвони «Бонувон дар сиёсат» ҷамъбаст гардид
Дар шаҳри Душанбе баҳри баланд бардоштани савияи дониши техникии ҷавондухтарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, мақомот, сохторҳои шаҳрӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва ташкилоту муассисаҳои ҳудуди пойтахт тули се рӯз курси омӯзишӣ аз рӯи барномаи «Мактаби сарварӣ» зери унвони «Бонувон дар сиёсат» идома дошт.
Зимни як тадбири соҳавӣ ин давраи омӯзишӣ ҷамъбаст гардида, иштирокдорон бо шаҳодатномаи хатм қадрдонӣ шуданд.
Дар ҷамъбасти курси омӯзишӣ, ки аз рӯи барномаи «Мактаби сарварӣ» зери унвони «Бонувон дар сиёсат» ташкил шуда буд, ҷавондухтарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, мақомот, сохторҳои шаҳрӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва ташкилоту муассисаҳои ҳудуди пойтахт, намояндагон аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати кор бо занон ва оилаи МИҲД шаҳри Душанбе иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ҳомидов Қиёмиддин
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS






Aсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон




Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ