Тақдими "Шоҳнома" ба сокинони шаҳраки 91-и ноҳияи Сино
Тақсими шоҳасари безаволи ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ -“Шоҳнома” ба аҳолии Тоҷикистон, ки бо иқдоми неки фарҳангпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардидааст, намунаи олии арҷу эҳтиром ба таърихи гузаштаи миллати тоҷик аст. Ин амал миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа ҳамовозии амиқ пайдо намуд.
Дар ин замина роҳбарият ва кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино бо тақсими ин шоҳкории назми миллӣ ба сокинони шаҳраки 91 ноҳия саҳми хешро гузоштанд. Сокинон туҳфаи Пешвои милатро бо хушнудӣ қабул намуданд.
Бояд гуфт, ки нашр ва тақсим намудани “Шоҳнома”, ки бо дастури Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ шудааст, амали шоиста барои рушди маънавиёти ҷомеа аст.
Ҳомидов Қиёмиддин
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS






Aсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон



Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ