Авҷу суръати корҳои ободонӣ дар шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт
Авҷу суръати корҳои ободонӣ дар шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт таъмин гардидааст.
Зимнан дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар самти саҳмгузории сокинон дар корҳои ободонии сатҳи маҳал бо супориши бевоситаи роҳбарияти МИҲД-и ноҳияи Шоҳмансур, бо ҷалби техникаҳои РИР-ҳои ноҳия, ва саҳмгузории як зумра соҳибкорони ватандусту саховатпеша дар якҷоягӣ бо сокинон дар маҳаллаи Болошаҳри ноҳияи Шоҳмансур тариқи ташкили ҳашарҳои дастаҷамъона роҳҳои ҳудуди маҳалла мумфарш карда шуд.
Бо сафарбарии техникаҳои соҳавӣ ва мутахассисони марбут ба ин самти сохтмон мумфаршкунии роҳ ҷараён гирифт. Анҷоми ин амал барои ҷавобгӯи пойтахт намудани инфрасохтори роҳу нақлиёти маҳаллаҳо замина мегузорад.
Маҳз бо шарофати истиқлоли давлатӣ ва истиқболи шоиста аз ҷашни 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои сохтмонӣ ва таъмирӣ дар ин қисмати роҳ амалӣ карда шуд.
Меҳринисо Рауфова
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS






Aсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон




Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ